Бар асоси омори вазорат, номи маҳбубтарини духтарон дар соли гузашта Солеҳа будааст, ки онро чун онро ба бештар аз 24 ҳазор навзод гузоштаанд. Мақоми дуввумро Ясмина касб кардааст, ки дар соли 2023 тақрибан ба 20 ҳазор духтар ин номро гузоштаанд. Исми Муслима дар мақоми саввум аст.
Дар миёни номҳои маҳбуби писарона дар соли гузашта Муҳаммадалӣ дар Узбекистон дар мақоми аввал қарор гирифтааст, чун дар бештар аз 27 ҳазор шаҳодатномаи таваллуд номи мазкурро навиштаанд. Азбаски ба бештар аз 22 000 писари навзод Мустафо ном ниҳодаанд, он дуввумин номи маҳбуб дар Узбекистон дар соли 2023 шудааст.
Абдуллоҳ дар мақоми саввум ва Муҳаммад дар мақоми чаҳорум омадааст ва ба андаке бештар аз 17 ҳазор навзод номи паёмбари исломро гузоштаанд. Дар ҳамсоякишвари Тоҷикистон ва сераҳолитарин кишвари Осиёи Марказӣ бино бар иттилои расмӣ дар соли 2023 андаке камтар аз 1 миллион нафар таваллуд шудаанд ва бештар аз нисфи онҳо писар будаанд.
Гуфтугӯ