Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номи ду "рақиб"-и дигари Владимир Путин маълум шуд


Леонид Слутский, раиси Ҳизби либерал-демократи Русия.
Леонид Слутский, раиси Ҳизби либерал-демократи Русия.

Комиссияи марказии интихоботи Русия ду вакили мардумиро ба унвони номзад ба мақоми раиси ҷумҳурӣ сабти ном кардааст.

Хабаргузории давлатии ТАСС-и Русия рӯзи 5-уми январ хабар дод, ки Леонид Слутский, раиси Кумитаи робитаҳои байналмилалӣ ва Владислав Даванков, муовини раиси Думаи Давлатӣ дар баробари раиси ҷумҳур Владимир Путин ба феҳрасти онҳое ворид карда шуданд, ки ҳақ доранд, дар интихоботи ояндаи президентӣ ширкат кунанд.

Слутский, раиси Ҳизби либерал-демократи Русия ва Даванков, раиси Ҳизби “Одамони нав” аст. Азбаски ҳарду намояндагони ҳизби шомили порлумон ҳастанд, шарт нест, барои пешбарии номзадии худ аз мардум имзо ҷамъ кунанд.

Комиссияи марказии интихоботи Русия охири моҳи декабр Екатерина Дунтсова хабарнигори мухолифи ҷанг дар Украинаро ба унвони номзад ба мақоми раиси ҷумҳур сабти ном накард, зеро ба гуфтаи мақомот, дар санадҳояш бештар аз 100 хато вуҷуд дошт.

Владимир Путин ҳанӯз моҳи декабр сабти ном шуд ва қарор аст, дигарбора дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия, ки рӯзҳои 15-17-уми марти имсол сурат мегирад, ширкат кунад.

XS
SM
MD
LG