Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марде дар Узбекистон барои танқиди президент 5 сол зиндонӣ шуд


Як шаҳрванди Узбекистон барои танқиди президент Шавкат Мирзиёев дар интернет 5 солу 1 моҳ зиндонӣ шудааст. Дар ҳоле, ки назари Бунёдҷон Бобониёзови 38-сола маълум нест, додгоҳ ӯро гунаҳкор кардааст, ки Мирзиёевро таҳқиру туҳмат кардааст.

Бобониёзовро ҳанӯз 19 октябри соли 2023 боздошт ва алайҳаш бо иттиҳоми "таҳқир ва ё туҳмати оммавии президенти Узбекистон" парванда кушоданд.

Додгоҳ гуфт, Бобониёзов 29 октябри соли 2022 дар шабакаи иҷтимоии Facebook Шавкат Мирзиёевро дар "фурӯхта шудан ба Путин" айбдор мекунад.

Дар навиштаи дигараш дар 13 январи соли 2023, ба гуфтаи додгоҳ, Бобониёзов Шавкат Мирзиёевро дар ҳимоят аз ҷанги президенти Русия зидди Украина айбдор кардааст.

Маркази ташхиси додгоҳиву тиббии назди Вазорати адлияи Узбекистон хулоса додааст, ки дар ин навиштаҳо "президент таҳқир ва бадном шудааст".

Назари ин мард ва наздиконаш ба иттиҳом маълум нест.

XS
SM
MD
LG