Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду қазоқистонӣ зери бинои қаҳвахона ҷон бохтанд


Дар шаҳри Урали Қазоқистон бинои қаҳвахонае чаппа ва ду кас фавтидааст. Дар ин бора мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар медиҳанд.

Ҳамчунин наҷотдиҳандагон шаш касро аз зери харобаҳо берун овардаанд, ки панҷ тани онҳо дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Қаҳвахонаи дуошёна шаби 3 ба 4 январ чаппа ва оташ гирифтааст. Сабаби ҳодиса таркидани як зарфи гази 50-литрӣ гуфта шудааст.

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, мумкин аст, шумори фавтидаҳо ва осебдидаҳо афзоиш ёбад, зеро дар зери харобаҳо эҳтимоли вуҷуд доштани одамони дигар низ ҳаст.

XS
SM
MD
LG