Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармураббии дастаи «Хуҷанд» иваз шуд


Рустам Хоҷаев
Рустам Хоҷаев

Рустам Хоҷаев, мутахассиси 51-сола, сармураббии дастаи лигаи олии футболи Тоҷикистон – "Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд таъин шуд.

Ба иттилои бошгоҳи футболи “Хуҷанд”, Хоҷаев дар ин вазифа Фаррух Марофиевро иваз кард.

Зимнан, ин бори сеюм аст, ки Рустам Хоҷаев ба вазифаи сармураббии дастаи “Хуҷанд” таъин мешавад.

Вай охири моҳи апрели соли 2023 аз вазифаи сармураббии “Хуҷанд” истеъфо дода буд.

Соли гузашта ӯ дар дастаи лигаи якум - “Шодмон”-и Ҳисор ба ҳайси сармураббӣ кор кардааст.

Рустам Хоҷаев солҳои 2017 - 2018 низ сармураббии «Хуҷанд» буд. “Хуҷанд” бо раҳбарии ӯ соли 2017 медалҳои нуқраи қаҳрамонии кишварро ба даст оварда, инчунин барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардидааст.

Аз рӯи натиҷагирии мавсими соли 2017 Рустам Хоҷаев беҳтарин мураббии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон эътироф шуда буд.

Дар мавсими соли 2020 Хоҷаев ба ситоди мураббиёни «Хуҷанд», ки ба он Никола Лазаревич раҳбарӣ мекард, шомил шуд.

Баъди аз даста рафтани мутахассиси сербиягӣ ӯ иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ гардид. Бо омадани Ҳаким Фузайлов ба «Хуҷанд» Хоҷаев ёвари сармураббӣ шуд.

Баъдан Фузайлов сармураббии бошгоҳи «Динамо»-и Самарқанд таъйин гардид ва Хоҷаев соли 2021 боз сармураббии «Хуҷанд» шуд. Бо раҳбарии ӯ даста барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон гардид.

Ин мутахассиси пуртаҷриба, инчунин, солҳои мухталиф ҳамчун сармураббӣ дар дастаҳои «Хайр»-и Ваҳдат, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, «Барқчӣ»-и Душанбе, «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва КМВА (Клуби марказии варзишии артиши)-и Душанбе кор кардааст.

Рустам Хоҷаев аз рӯи натиҷагирии мавсими соли 2013 беҳтарин мураббии қаҳрамонии футболи Тоҷикистон эътироф шуда буд.

Ҳамон сол дастаи «Хайр» бо раҳбарии ӯ медалҳои биринҷии қаҳрамонии кишварро ба даст оварда, инчунин барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон гардидааст.

Рустам Хоҷаев, ки дорои муҷаввизи мураббии дараҷаи «А» мебошад, дар гузашта ҳамчун футболбоз ба ҷуз аз дастаҳои Тоҷикистон, дар бошгоҳҳои футболи Қазоқистон ва Беларус бозӣ кардааст.

Ӯ дар ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон чаҳор гол задааст.

XS
SM
MD
LG