Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба раиси ҷамъияти қазоқҳои Маскав 15 соли зиндон таҳдид мекунад


Пулод Ҷамолов
Пулод Ҷамолов

Зидди раиси ҷамъияти қазоқҳои шаҳри Маскав Пулод Ҷамолов бо гумони паҳн кардани маълумоти дуруғ дар бораи артиши Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Зидди раиси ҷамъияти қазоқҳои шаҳри Маскав Пулод Ҷамолов бо гумони паҳн кардани маълумоти дуруғ дар бораи артиши Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Нашрияи "Вёрстка" иттилоъ дода, ки шуъбаи тафтиши парвандаҳои махсуси Ҳавзаи шимолу шарқии Маскав алайҳи Ҷамолов ҳанӯз дар моҳи сентябри соли гузашта ин парвандаро боз карда буд.

Парванда баъди як навиштаи раиси ҷамъияти қазоқҳои Маскав дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук боз шудааст. Ӯ навишта буд, ки то миёнаҳои моҳи августи соли 2022 дар Украина наздик ба 49 ҳазор сарбози Русия кушта шудааст. Маскав талафот дар ин ҷангро ошкор намекунад.

Ба иттилои расонаҳо, Ҷамолов ворид шудани артиши Русия ба Қазоқистонро дар ҷараёни бетартибиҳои моҳи январи соли 2022 ишғолгарӣ номида буд.

Бар асоси банде, ки зидди Ҷамолов парванда боз шудааст, ба ӯ то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG