Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон аз хориҷиҳо изи ангушт мегиранд


Шуруъ аз 1 январ дар Қазоқистон барои шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандӣ тартиботи нав ҷорӣ шуд.

Бино ба тартиботи нав, акнун шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандӣ дар Қазоқистон ҳангоми сабти ном кардан барои зиндагии доимӣ, ҳаққи иқомат, иҷозаи иқомати муваққат, дарёфти раводид ва дарёфти ҳуҷҷати паноҳандагӣ бояд изи ангушт супоранд.

Дар сурати саркашӣ кардан аз додани изи ангушт, мақомоти Қазоқистон ҳақ доранд, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандиро аз ин кишвар ихроҷ кунанд.

XS
SM
MD
LG