Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон кумакпулӣ барои ҳомиладорӣ зиёд мешавад


Вазорати меҳнат, таъмини иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Қирғизистон хабар додааст, ки ҳаҷми кумакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд дар ин кишвар аз 1 январ зиёд мешавад.

Вазорати меҳнат, таъмини иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Қирғизистон хабар додааст, ки ҳаҷми кумакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд дар ин кишвар аз 1 январ зиёд мешавад.

Ба иттилои вазорат, ба бонувон дар моҳ ба ҷои 3600 соми пешин то 7500 сом пардохт хоҳад шуд.

Қаблан ин ниҳод хабар дода буд, ки дар Қирғизистон давоми ду соли охир намудҳои гуногуни пардохтҳои иҷтимоӣ ба таври қобили мулоҳиза зиёд шудаанд. Кумакпулиҳои моҳонаи давлатӣ аз 2000 сом то 8000 сомро ташкил медиҳад.

Дар Қирғизистон ҳамчунин барои таваллуди кудак низ кумакпулии якдафъаина дар ҳаҷми 4000 сом пардохт карда мешавад.

XS
SM
MD
LG