Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҳавопаймои мусофирбар дар Токио оташ гирифтааст


Ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии "Japan Airlines" ҳангоми ба замин нишастан дар фурудгоҳи Ханэдаи шаҳри Токио оташ гирифтааст.

Ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии "Japan Airlines" ҳангоми ба замин нишастан дар фурудгоҳи Ханэдаи шаҳри Токио оташ гирифтааст.

Телевизиони "NHK"-и Ҷопон иттилоъ дода, ки дар дохили ҳавопаймо ҳудуди 400 мусофир ва узви экипаж қарор дошт ва ҳамаи онҳоро ба ҷои бехавф интиқол додаанд.

Ҳавопаймо аз Хоккайдо ба Токио парвоз кардааст. Он пеш аз фурудоӣ бо ҳавопаймои горди соҳилӣ бархӯрдааст. Дар дохили ҳавопаймои горди соҳилӣ 6 кас ҳузур дошта, 5 тани онҳо ҳалок шудаанд.

Ҳавопаймои горди соҳилии Ҷопон барои парвоз ба минтақаи осебдидаи ин кишвар аз заминларза омодагӣ медид. Дар Ҷопон 1 январ заминларза сахт рух дода, дасти кам 57 қурбонӣ бар ҷой гузоштааст.

XS
SM
MD
LG