Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон бо Ҳонконг бозии санҷишӣ мегузаронад


Тими миллии футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бо тими миллии Ҳонконг бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии санҷишии мунтахаби Тоҷикистон бо Ҳонконг дар доираи ҷамъомади таълимию тамринии даста дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб – шаҳри Абузабӣ – рӯзи панҷшанбеи 4-уми январ баргузор мешавад.

Зимнан, мунтахаби Ҳонгконг ахиран дар бозии санҷишӣ бар тими миллии Чин бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.

Бозии дастаҳои Ҳонгконг ва Тоҷикистон дар Абузабӣ соати 16:00 бо вақти маҳаллӣ (соати 17:00 бо вақти Душанбе) оғоз меёбад. Вале бозӣ пушти дарҳои баста сурат гирифта, тавассути расонаҳо намоиш дода намешавад.

Тибқи муқаррарот мураббиён метавонанд дар ҷараёни бозӣ шумораи номаҳдуди бозигаронро иваз намоянд, аз ин рӯ натиҷаи рақобат дар рейтинг ё радабандии FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) ба эътибор гирифта намешавад.

Ҷамъомади дуюм ва охирини таълимию тамринии тими миллии кишвар пеш аз Ҷоми Осиё то рӯзи 7-уми январ идома хоҳад кард.

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Петар Шегрт, мутахассиси хорватӣ, ба ҷамъомади таълимию тамринии дастаи мунтахаби кишвар 27 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 12 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардааст.

Футболбозон дар Абузабӣ рӯзона дар толори варзишӣ бо тарбияи бадан машғул шуда, бегоҳӣ дар майдон тамрин мекунанд.

Рӯзи 8-уми январ тими миллии Тоҷикистон барои ширкат дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 12-уми январ то 10-уми феврал дар Қатар доир мегардад, ба шаҳри Доҳа меравад.

Дар Ҷоми Осиё мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Чин (13-уми январ), Қатар (17-уми январ) ва Лубнон (22-юми январ) рақобат хоҳад кард.

Дастаҳо тибқи қуръакашӣ ба шаш гурӯҳ тақсим шудаанд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф, инчунин чаҳор дастаи беҳтарин аз миёни ҷойҳои сеюм ба даври 1/8- ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ меёбанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол», Душанбе), Далерҷон Баротов («Истаравшан», Истаравшан);

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Нефтчӣ», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Курбонов (ҳама аз «Истиқлол»), Холмурод Назаров («Равшан», Кӯлоб), Далер Имомназаров («Эсхата», Хуҷанд);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Кедах», Малайзия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Бухоро», Узбекистон), Комрон Турсунов («Гокулам Керала», Ҳиндустон), Руслан Хайлоев («Тюмен», Русия), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Ҳамадонӣ Камолов, Шервонӣ Мабатшоев, Алиҷони Буризод (ҳама аз «Истиқлол»), Вайсиддин Сафаров (КМВА, Душанбе), Алишер Шукуров («Кӯктош», Рӯдакӣ);

Ҳамлагарон: Рустам Соиров («Локомотив», Узбекистон), Шаҳром Самиев («Милсами», Молдова), Нуриддин Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ», Турсунзода), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Ҳосилот», Фархор).

Сармураббӣ – Петар Шегрт

Ҷоми Осиё-2023

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

13-уми январи 2024 (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 19:30

Чин Тоҷикистон

Доҳа, варзишгоҳи Абдулло бин Халиф

Даври 2-юм

17-уми январи 2024 (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 19:30

Тоҷикистон - Қатар

Доҳа, варзишгоҳи «Ал-Байт»

Даври 3-юм

22-юми январи 2024 (душанбе)

Оғози бозӣ – соати 20:00

Тоҷикистон - Лубнон

Доҳа, варзишгоҳи Ҷассим бин Ҳамад

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе аст.

XS
SM
MD
LG