Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти тақрибан 3 ҳазор муҳоҷир дар Санкт-Петербург


Майдони марказии Санкт-Петербург. Шаби 31-уми декабри 2023
Майдони марказии Санкт-Петербург. Шаби 31-уми декабри 2023

Дар пайи амалиёте дар маркази шаҳри Санкт-Петербург қариб се ҳазор муҳоҷирро дастгир кардаанд.

Сомонаи “Фонтанка” навишт, ки дар санади 600 муҳоҷир камбудӣ ёфтанд ва эҳтимол зиёда аз 100 нафари онҳоро аз Русия биронанд.

Майдони марказии шаҳри Санкт-Петербург барои ҳамдардӣ бо қурбониёни Белгород барои сайругаштҳои идона баста буд.

Дар ҳамла ба Белгород, ки 30-юми декабр анҷом шуд, 25 кас кушта шуд.

Ба гузориши расонаҳои русӣ, ба ғайр аз Санкт-Петербург, шаби Соли нав дар шаҳрҳои дигари Русия аз ҷумла дар Маскав низ амалиёти зидди муҳоҷирон гузашт.

Майдони Сурхи Маскав низ дар шаби Соли нав баста буд.

Дар Челябинск нисбат ба як гуруҳ аз муҳоҷирон ба иттиҳоми ҳамла ба иштирокдорони “амалиёти махсуси низомӣ” (Русия ҷангро дар Украина чунин меномад) боз шудааст.

Ба иттилои Кумитаи тафтишот, шаҳрвандони хориҷӣ, ки шумораашон зикр нашудааст, шаби Соли нав бо ду низомӣ муноқиша кардаанд. Дар наворе, ки дар телеграм нашр шуд, занозании қариб 10 нафар дида мешавад.

Гузоришҳо аз боздошти се нафар, аз ҷумла як ноболиғ расонаӣ шуд, аммо маълум нест, ки онҳо шаҳрвандони хориҷӣ буданд ё атбои Русия.

Дар моҳҳои охир аз боздошти муҳоҷироне, ки тоза шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, хабарҳои зиёд нашр мешавад. Ба гузориши расонаҳо, ин муҳоҷиронро ба комиссариати ҳарбӣ мефиристанд.

Даъвати тирамоҳӣ ба артиш дар Русия 30-юми декабр ба поён расид. Маълум нест, аз муҳоҷироне, ки дар шаби Соли нав боздошт шуданд, чанд нафарро ба комиссариати ҳарбӣ бурданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG