Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба роҳбари ҳизби мухолифи Кореяи Ҷанубӣ ҳамла карданд


Ли Ҷи Минг, роҳбари Ҳизби мухолифи Кореяи Ҷанубӣ субҳи 2-юми январ мавриди ҳамла қарор гирифт. Ба гузориши хабаргузории Yonhap, ҳодиса замоне рух дод, ки оқои Минг дар шаҳри бандарии Пусан бо хабарнигорон суҳбат мекард. Марди ҳамлавар бо корд ба ин сиёсатмадор ҳамла кардааст.

Ли Ҷи Минг, роҳбари Ҳизби мухолифи Кореяи Ҷанубӣ субҳи 2-юми январ мавриди ҳамла қарор гирифт. Ба гузориши хабаргузории Yonhap, ҳодиса замоне рух дод, ки оқои Минг дар шаҳри бандарии Бусон бо хабарнигорон суҳбат мекард. Марди ҳамлавар бо корд ба ин сиёсатмадор ҳамла кардааст.

Бар гузориши Yonhap, Лин Ҷи Минг аз гарданаш захмдор шудааст. Тасовири пахшшуда аз телевизиони Кореяи Ҷанубӣ мардеро нишон медиҳад, ки ба замин меафтад ва як нафар дастмоли коғазӣ бар гарданаш гузошта, фишор медиҳад.

Дар ин тасовир дида мешавад, ки марде худро ба рӯи оқои Минг мепартояд. Баъди ин Роҳбари Ҳизби мухолифи Корияи Ҷанубӣ ба замин меафтад ва мардум барои кумак ба самти ӯ медаванд.

Хабаргузории Yonhap навиштааст, Минг ҳангоми интиқол ба бемористон ҳушёр буд. Марди ҳамлавар дар ҷойи ҳодиса боздошт шудааст.

Ли Ҷи Минг роҳбари Ҳизби демократи Кореяи Ҷанубӣ соли гузашта дар рақобати наздик барои курсии президентӣ аз Юн Сок Йол шикаст хӯрда буд.

XS
SM
MD
LG