Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ҳушдор дод, ки барои Белгород интиқом мегирад


Владимир Путин ҳамлаи неруҳои Украина ба шаҳри Белгородро "амали террористӣ" номид ва гуфт барои ин кор интиқом мегиранд. Рӯзи 30-юми декабр ва дар посух ба ҳамлаҳои Русия, артиши Украина ба шаҳри Белгород бо мушак зарба зад.

Президенти Русия ҳангоми аёдат аз захмиёни ҳодисаи Белгород гуфт, "он чизе ки рух дод бешубҳа ҳамлаи террористӣ аст."

Дар ҳоле, ки артиши Русия қариб ду сол аст бо мушак ва бесарнишинҳо ба шаҳрҳои Украина ҳамла мекунад, президент Владимир Путин неруҳои украиниро ба "ҳамлаи ҳадафмандона ба мардуми осоишта" гунаҳкор кард.

Мақомоти рус гуфтаанд, ки дар ин ҳодиса беш аз 100 кас маҷруҳ шуда, 37 манзили баландошёна, чанд хонаи заминӣ хароб шудаанд.

Манбаъҳое дар сохторҳои низомии Украина гуфтаанд, иншоотҳои мулкӣ дар натиҷаи хуб кор накардани низоми зиддимушакии Русия хароб шуд.

Владимир Путин 1-уми январ Украинаро ба ҳамлаҳои нав таҳдид кард. Аммо ӯ ёдовар нашуд, ки ҳамла ба Белгород баъди мушакборони сахти артиши Русия болои шаҳрҳои Укрина рух додааст.

Фармондеҳи марказии артиши Украина мегӯяд, артиши Русия 29-уми декабр ба шаҳрҳои гуногуни Украина 158 мушак ва бесарнишин партоб кард. Дар ин ҳодиса 39 кас кушта ва 160 кас маҷруҳ шудааст.

XS
SM
MD
LG