Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"5000 коргар намерасад." Чаро ба "Роғун" не, ба Русия мераванд?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар ҳоле ки бахше аз сокинони Тоҷикистон ба муҳоҷирати корӣ ба Русия мераванд, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки танҳо дар сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" 5 ҳазор коргар намерасад.

"Мегӯед, ҷойи кор нест. Марҳамат. Ҳозир 15 ҳазор нафар кор мекунад. Бояд бист ҳазор кор кунад," – афзуд ӯ рӯзи 28-уми декабр ҳангоми ироаи паём ба мардуму порлумон.

Қаблан коргарони чанд ширкати паймонкор дар маҳалли сохтмони "Роғун", аз ҷумла "Асри Нур", ба мушкили дарёфти маош рӯ ба рӯ шуда буданд. Оқои Раҳмон дар ин маврид ишорае накард. Ӯ, баръакс, гуфт, барои бунёди ин иншооти муҳими энержӣ дар соли 2023 "аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 5 миллиард сомонӣ равона гардид".

Маҳалли сохтмони "Роғун"
Маҳалли сохтмони "Роғун"

Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Русия, Қазоқистон ва кишварҳои дигар мераванд ва далел ҳам доранд. Ба мисли Парвиз, муҳоҷири 34-солаи тоҷик, ки маълумоти олии иқтисодӣ дорад, аммо дар сохтмоне дар вилояти Твери Русия заҳмат мекашад.

"Ҳар моҳ 90-130 ҳазор рубли русӣ маош мегирам. Корам низ собит аст. Дар Тоҷикистон ин гуна кор кам пайдо мешавад. Баъзан ёбед ҳам, ду-се-моҳа аст. Боз то кор ёфтан чанд моҳ бекор мемонед. Барои ҳамин, ба Русия меоям," – ӯ як сабаби муҳоҷираташро чунин шарҳ дод.

Коршиноси масоили иқтисодӣ, Фозилҷон Фатҳуллоев, мутобиқат накардани маошу даромади мардум бо нархи озуқаворӣ; сатҳи баланди молиёт (андоз); гарон будани ҳаққи таҳсили фарзандонро аз далелҳои дигари муҳоҷирати кории тоҷикистониҳо номбар кард.

Вай гуфт: "Тасаввур кунед, ки бояд хонавода ё падару модарро аз назари иқтисодӣ таъмин кунед. Ба "Роғун" меравед, бо маоши миёнаи 3-4 ҳазор сомонӣ. Оё барои озуқаворӣ, сару либос, харҷи хадамоти коммуналӣ, ҳаққи таҳсили фарзандон ва сару либоси онҳо мерасад? Мардум маҷбур аст, ки ба Русия равад, то аз онҷо ба хона пули бештар бифиристад."

Манзараи ҳозираи бозори шуғл (кор)-и Тоҷикистон бар асоси маълумоти Вазорати кору муҳоҷират чунин аст:

  • 2 миллиону 506 ҳазору 200 нафар – соҳиби кор;
  • 387 ҳазор нафар – муҳоҷир;
  • 58 ҳазор нафар – бекор.

Изҳороти мақомоти Тоҷикистон дар бораи теъдоди бекорон ҳамеша шубҳаву гумонҳоро дар пай доштааст. Аз ҷумла, соли 2020 Бонки Ҷаҳонӣ шумораи бекоронро дар кишвар панҷ баробар зиёдтар аз омори расмӣ гуфта буд.

Дар ҳоле ки мардикорбозорҳо пур аз корҷӯён аст, мақомот мегӯянд, танҳо шахсонеро “бекор” сабт мекунанд, ки агар ба онҳо муроҷиат карда, худро дар рӯйхати корҷӯён бигузорад.

"Мардикорбозор"-и Душанбе
"Мардикорбозор"-и Душанбе

Фирдавс Искандарзода, менеҷери ширкати "Ҷовидон", рӯзи 29-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан, афроди бекор зиёд ҳастанд, вале ба сабаби камии маош ё пешниҳоди корро намепазиранд ё зуд онро тарк мекунанд.

"Бештари коргарони мо мавсимиянд. Барои оилаашон каме пул ба даст оварданд ё роҳкирои сафарро ба Русия кор карданд, зуд мераванд. Коргароне низ дорем, ки ба таври доимӣ кор мекунанд. Баъзе аз устоҳои мо тақрибан баробар ба Русия маош мегиранд," – афуд Искандарзода.

Ин нуктаро Табрез Ҳокимови 51-сола тасдиқ кард, ки ҳоло дар сохтмоне дар Душанбе кор мекунад, аммо мегӯяд, онро ба сахтӣ ва пас аз понздаҳ соли муҳоҷират ёфт.

"Дар як ширкати сохтмонӣ усто ҳастам. Дар як моҳ 9-10 ҳазор сомонӣ мегирам. Дар Русия ҳам устоҳо 90-100 ҳазор рубл маош доранд, ҳадди аксар 150 ҳазор рубл. Аммо бояд иқрор шавем, ки ёфтани кор бо маоши муносиб дар Тоҷикистон осон нест," – илова кард ӯ.

Бекорӣ ё кор бо маоши кам яке аз дардҳои асосии ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки ҳазорон нафарро ба муҳоҷират маҷбур мекунад. Танҳо ба ҳисоби мақомоти Русия ҳоло беш аз як миллион аҳолии Тоҷикистон дар ин кишвар кору зиндагӣ доранд.

Ҳазорҳо шаҳрванди дигари Тоҷикистон бо нияти кору даромади бештар ба Амрико мераванд. Бархе тақдири худро дар бахтозмоии “грин корт” санҷида, баъзеи дигар бо роҳҳои гуногун то сарҳади Мексика мераванду аз онҷо ба Иёлоти Муттаҳида мегузаранд. Ҳарчанд ин роҳ тӯлонӣ ва хатарзо аст.

Гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон, Аврупо ва Кореяи Ҷанубӣ ҳастанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG