Урсула фон дер Лейен, раиси Кумисюни Аврупо, ин лаҳзаро барои ҳарду кишвар "таърихӣ" ва "сабаби ифтихори бузург" номид.
Булғористон ва Руминия соли 2007 ба Иттиҳоди Аврупо пайваста, аз соли 2011 боз хоҳони узвият дар ҳавзаи Шенген буданд.
Пештар Австрия ва Маҷористон (Венгрия) ба ҳамроҳ шудани онҳо мухолифат доштанд. Як хавфи онҳо эҳтимоли афзоиши муҳоҷирати ғайриқонунӣ буд.
Ҳавзаи Шенген дар ҳоли ҳозир 27 кишварро дар бар мегирад.