Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларзаи шадид дар Ҷопон; эълони хатари сунамӣ


Мақомоти Ҷопон рӯзи 1-уми январ пас аз чанд заминларзаи шадид, ки қувваи яке аз онҳо ба 7.6 дараҷа мерасид, аз эҳтимоли сар задани сунамӣ ҳушдор доданд. Дар Владивостоку Хабаровски Русия ва ҷазираи Сахалин низ хатари сунамӣ эълон шудааст.

Сарвазири Ҷопон Фумио Кишида аз аҳолии минтақаи зери хатар хост, ки ҳарчи зуд ба ҷойи амну баландтар бираванд. "Ҳар лаҳза муҳим аст. Хоҳиш, фавран ба минтақаҳои амн бикӯчед," – гуфт сухангӯйи ҳукумати Ҷопон Ёсимаса Ҳаяшӣ.

То ин дам дар бораи талафоти эҳтимолӣ ва зиёни молӣ аз заминларза гузориш нашр нашудааст. Аммо хабаргузории Reuters навишт, ки 36 ҳазор хона бе барқ монд.

Соли 2011 дар Ҷопон заминларзаи сахт ва сунамӣ рӯй дода, боис ба садама дар нерӯгоҳи ҳастаии “Фукушимо 1” шуд. Ин фоҷиаи ҷиддитарини атомӣ баъд аз садама дар нерӯгоҳи ҳастаии Чернобил дар соли 1986 арзёбӣ мешавад.

Дар он ҳодиса тақрибан бист ҳазор кас ҷон бохтаву бе ному нишон шуданд.

XS
SM
MD
LG