Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Соро компания" барандаи Ҷоми Тоҷикистон шуд


Дастаи футзали "Соро компания"-и Душанбе бори чаҳорум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид.

Ба иттилои Федератстяи футболи Тоҷикистон, “Соро компания” дар бозии ниҳоӣ, ки дар Маҷмааи варзишии "Кохи Олимп"-и пойтахти кишвар доир гардид, дастаи "Амонатбонк"-и Душанберо бо ҳисоби 6-1 шикаст дод.

Ду голи “Соро компания”-ро Самандар Ризомов ба самар расонд. Муҳаммадҷон Шарипов, Бахтиёр Солиев, Дилшод Саломов ва Идрис Ёров якголӣ заданд. Голи ягонаи "Амонатбонк" ба Умед Қузиев марбут аст.

Пас аз анҷоми бозии ниҳоӣ маросими ҷоизасупорӣ доир гардид. Ба “Соро компания” Ҷоми Тоҷикистон-2023 супурда шуд. Бозигарону мураббиёни даста бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.

Беҳтарин бозигари бозии ниҳоӣ Идрис Ёров («Соро компания») дониста шуд. Ҷоизаи беҳтарин дарвозабони мусобиқа насиби Хушбахт Исоев (“Соро компания”) гардид.

Зимнан, дастаи “Соро компания” аз ин пеш солҳои 2020, 2021 ва 2022 Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст.

Ёдовар мешавем, моҳи ноябри соли гузашта дастаи футзали “Истиқлол”-и Душанбе барандаи Суперлигаи Тоҷикистон-2023 гардида буд.

XS
SM
MD
LG