Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико гуфт, дар пайи густариши ҷанг дар Ховари Миёна нест


Киштии марбут ба нерӯи дарёии Амрико
Киштии марбут ба нерӯи дарёии Амрико

Артиши Амрико рӯзи 31-уми декабр се киштии вобаста ба ҳусиҳои Яманро дар Баҳри Сурх ғарқ кардааст. баъд аз он ки, ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, ҳусиҳо талош карданд як киштии тиҷоратиро тасарруф кунанд.

Фармондеҳии марказии Амрико дар иттилоияе гуфт, чор киштии марбут ба ҳусиҳо рузи 30-юми декабр бо силоҳҳои сабук ба киштии "Маерск-Ҳангжоу" (Maersk Hangzhou) аз Дания ҳуҷум карданд ва саъй карданд онро тасарруф кунанд.

Ба навиштаи манбаъ, чархболҳои нерӯи дарёии Амрико барои мадад рафтанд ва дар посух се киштии ҳусиҳоро ғарқ карданд. Як киштӣ ҷойи ҳодисаро тарк кардааст.

Ҳусиҳо, ки аз сӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон пуштибонӣ мешаванд, эълон кардаанд, ки дар ҳимоят аз фаластиниҳо дар ҷанг бо Исроил, киштиҳои марбут ба исроилиҳоро ҳадаф қарор медиҳанд. Фармондеҳии марказии Амрико гуфтааст, ҳусиҳо то 31-уми декабри соли 2023 23 бор ба киштиҳое, ки дар обҳои байнулмилалӣ ҳаракат мекарданд, ҳамла кардаанд.

Ҳамлаҳои ҳусиҳо дар ин муддат ба киштиҳои тиҷоратӣ дар Баҳри Сурх халал эҷод кардааст. Аммо Иёлоти Муттаҳида бо ташкили эътилофи байнулмилалӣ талош дорад, амнияти киштирониро дар минтақа таъмин кунад.

Аз замони оғози ҷанги нав миёни Исроилу "Ҳамос" дар 7-уми октябри соли 2023 бори аввал аст, ки Иёлоти Муттаҳида мустақим ба киштиҳои марбут ба ҳусиҳо ҳамла мекунад.

Бо ин вуҷуд Кохи Сафед рӯзи 31-уми декабр ва пас аз нобуди се киштии ҳусиҳо таъкид кард, ки Вашингтон дар пайи густариши ҷанг дар Ховари Миёна нест. Ҷон Кирби, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед гуфт, Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон ба иқдомоти дифоии худ идома хоҳад дод.

Кирби дар мусоҳиба бо шабакаҳои хабарии CBS гуфт, “мо ба дунболи густариши ҷанг дар минтақа ё ҷанг бо ҳусиҳо нестем. Беҳтарин натиҷа ин аст, ки ҳусиҳо ҳамлаҳояшонро бас кунанд.”

Ҳусиҳои Яман, ки ҳукуматро дар ин кишвар дар даст доранд, эълон кардаанд, ки то Исроил ҷангро дар Ғазза поён надиҳад, ба киштиҳое, ки аз роҳи баҳрии наздик ба Яман мегузаранд, ҳамла мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG