Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои ҷаҳон оид ба шоҳмоти сареъ муайян шуданд


Шоҳмотбозӣ дар боғе дар Узбекистон. Акс аз бойгонӣ
Шоҳмотбозӣ дар боғе дар Узбекистон. Акс аз бойгонӣ

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба блитс (бозии барқвор), ки рӯзҳои 29-30-юми декабр дар шаҳри Самарқанди Узбекистон баргузор шуд, Магнус Карлсени норвегиягӣ байни мардон ва Валентина Гунинаи русиягӣ миёни занон ғолиб шуданд.

Магнус Карлсени 33-сола, ки аз рӯи натиҷагирии 21 даври мусобиқа миёни мардон 16 имтиёз гирифт, бо медали тилло сарфароз гашт. Ӯ бори ҳафтум ба унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба блитс (барқвор) даст ёфт.

Даниил Дубови русиягӣ бо касби 15,5 имтиёз соҳиби мақоми дуюм ва медали нуқра гардид.

Бояд гуфт, ки доварон Дубовро барои бозии бомаслиҳат бо ҳамватанаш Ян Непомнящий дар даври 11-ум аз 0,5 имтиёз маҳрум карда буданд.

Ба шатранҷбози дигари русиягӣ Владислав Артёмев (15 имтиёз) барои мақоми сеюм медали биринҷӣ супурда шуд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба блитс (барқвор) Тоҷикистонро ду шатранҷбоз - Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаев ва Ҷалолиддин Илҳомӣ – намояндагӣ карданд.

Мустафохӯҷаи 24-сола 9 имтиёз (ҷои 165-ум) ва Ҷалолиддини 16-сола 7,5 имтиёз (ҷойи 190-ум) ба даст оварданд.

Дар мусобиқаи занон оид ба блитс (барқвор) Валентина Грунинаи 34-солаи русиягӣ бо касби 14 имтиёз дар 17 бозӣ бо медали тилло сарфароз гардид.

Александра Костенюк, ки Швейтсарияро намояндагӣ кард, мақоми дуюм (13,5 имтиёз) ва Чжу Тзинэр (12,5 имтиёз) аз Чин мақоми сеюмро касб намуданд.

Гунина бори дуюм ба унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба блитс (барқвор) мушарраф шуд. Аз ин пеш ӯ соли 2012 қаҳрамони ҷаҳон гаштааст.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба рапид (зудбозӣ), ки рӯзҳои 26-28-уми декабр дар Самарқанд доир гардид,

Магнус Карлсени норвегиягӣ бо касби 10 имтиёз дар 13 бозӣ байни мардон ғолиб шуда буд.

Ӯ бори панҷум ба унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба рапид (зудбозӣ) даст ёфт. Аз ин пеш Карлсен солҳои 2014, 2015, 2019 ва 2022 қаҳрамони ҷаҳон шудааст.

Ҷои дуюмро Владимир Федосееви русиягӣ (9,5 имтиёз), ки Словенияро намояндагӣ кард ва ҷои сеюмро Юй Янъи аз Чин (9 имтиёз) ишғол намуданд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба рапид (зудбозӣ) шатранҷбозони тоҷик Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаев 6 имтиёз ва Ҷалолиддини Илҳомӣ 3,5 имтиёз ба даст оварда, берун аз садгона ҷойгир шуданд.

Дар мусобиқаи занон оид ба рапид (зудбозӣ) Анастасия Боднаруки русиягӣ бо медали тилло сарфароз гардид.

Ҳампи Конеру (Ҳиндустон) бо нишони нуқра ва Лэй Тинтзе (Чин) .бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба рапид (зудбозӣ) ва блитс (барқвор) шатранҷбозони Русия таҳти парчами Федератсияи байналмилалии шоҳмот (FIDE) ҳунарнамоӣ карданд.

Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба рапид (зудбозӣ) ва блитс (барқвор) дар Самарқанд бо иштироки 202 мард аз 48 кишвар ва 125 зан аз 31 кишвар баргузор шуд.

Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқа 1 миллион долларро ташкил медод. Ба ғолиби сабқати мардон 60 ҳазор доллар, ҷои дуюм 50 ҳазор доллар ва ҷои сеюм 40 ҳазор доллар супурда шуд.

Ҳамчунин шатранҷбозоне, ки дар сабқати мардон то ҷои 35-умро ишғол карданд, бо ҷоизаи молӣ сарфароз гардиданд.

Ба ғолиби сабқати занон 40 ҳазор доллар, ҷои дуюм 30 ҳазор доллар ва ҷои сеюм 20 ҳазор доллар тақдим шуд.

Инчунин ба шатранҷбозоне, ки дар сабқати занон то ҷои 15-умро гирифтанд, ҷоизаи молӣ эҳдо гардид.

XS
SM
MD
LG