Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз падарони тоҷик беш аз 100 миллион сомонӣ ситондаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар муддати севуним соли гузашта аз ҳисоби падароне, ки фарзандонашон дар дасти модар мондаанд, беш аз 100 миллион сомонӣ ситонданд.

Ин пул ба парастори аслӣ дода шудааст.

Бар асоси омори нави Вазорати адлия, ки рӯзи 29-уми декабр ба дасти Радиои Озодӣ расид, танҳо дар 6 моҳи соли 2023 ба зидди тақрибан 400 нафар барои напардохтани алименти фарзанд парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Айни замон дар Тоҷикистон 392 нафар, бахусус падароне дар феҳрасти афроди мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд, ки ҳаққи таъмини фарзанди худро напардохта ё ба ҷойи дигаре барои зиндагӣ рафтаву нишониашонро аз модару фарзандон пинҳон медоранд.

Дар Тоҷикистон барои напардохтани алименти фарзанд гунаҳкорро ҷарима мебанданд ва ё ба зиндон меандозанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG