Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

SANA аз ҳамлаи мушакии Исроил ба Сурия хабар дод


Хабаргузории расмии Сурия, SANA, шоми 28-уми декабр аз ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба чанд нуқта дар наздикии Димишқ, пойтахти ин кишвар, хабар дод. Мақомоти Исроил дар ин бора расман чизе нагуфтаанд.

Тибқи ин гузориш, ҷангандаҳои Исроил ба ҳадафҳое дар баландиҳои Ҷулон ҳамла кардаанд, ки фақат хисороти молӣ барҷой гузошт.

Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, ки таҳаввулоти Сурияро пайгирӣ мекунад аз ҳамлаи ҳавоӣ ба наздикии Фурудгоҳи Димишқ хабар дод.

Аз замони оғози ҷанг дар Ғазза дар 7-уми октябри имсол Исроил ҳамлаҳои худро ба Сурия бештар кардааст.

Аз ҷумла, мақомоти Эрон гуфтанд, дар ҳамлаи рӯзи 25-уми декабр Разӣ Мусавӣ, яке аз фармондеҳони Сипоҳи посдорон кушта шуд. Мақомоти Исроил ин иддаоро шарҳ надоданд.

XS
SM
MD
LG