Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сокини Қазоқистон ба гуноҳи ҷудоихоҳӣ 5 сол зиндонӣ шуд


Ҳайкали кандаи Ленин дар шаҳри Алтай
Ҳайкали кандаи Ленин дар шаҳри Алтай

Додгоҳе дар шаҳри Алтайи вилояти Қазоқистони Шарқӣ як зани 43-соларо ба гуноҳи даъват ба ҷудоихоҳӣ 5 сол зиндонӣ кард, аммо муҳлати иҷрои ҷазоро ба таъхир гузошт. Мақомот гуфтанд, ин зан фарзанди ноболиғ дорад.

Ба иттилои тафтишот, ӯ моҳи августи имсол зери видеои кандани ҳайкали Ленин дар шаҳри Алтай навиштааст, ки "дер ё зуд Қазоқистони Шарқӣ, ки ба ҳудуди Русия тааллуқ дорад, ба ҳайати он кишвар мепайвандад ва он замон хоҳем дид, ки бо ҳайкалҳои дигар чи мешавад".

Ба иттилои додситонии шаҳр, ин суханҳои маҳкумшуда баҳсҳои тундеро миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст.

Санҷиши забонӣ низ гуё муайян кардааст, ки дар навиштаи ӯ “бадбинӣ” ва “назари ҷудоихоҳӣ” вуҷуд дорад.

Худи маҳкумшуда дар додгоҳ гуфтааст, танҳо назарашро баён карда буд ва касеро ба зидди сохти конститутсионии давлат даъват накард.

XS
SM
MD
LG