Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти рӯзноманигор Шамо Эминов дар Озарбойҷон


Шамо Эминов
Шамо Эминов

Додгоҳе дар Озарбойҷон рӯзноманигор Шамо Эминовро, ки бо телевизиони мустақили интернетии "Kanal 13" ҳамкорӣ мекард, ба муҳлати се моҳ ба ҳабс гирифт.

Дар ин бора ба Бахши озарии Радиои Озодӣ ҳамсари рӯзноманигор Дурдона иттилоъ дод.

Эминов рӯзноманигори ҳаштум аст, ки дар моҳҳои ноябр ва декабри имсол дар Озарбойҷон ба зидди онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Ҳамсараш мегӯяд, Шамо Эминов рӯзи 22-юми декабр барои мусоҳиба бо шахсе ба берун баромада, дигар барнагашт.

Мақомот танҳо баъд аз шаш рӯз ба ҳамсари рӯзноманигор занг зада, хабар додаанд, ки шавҳараш дар доираи парвандаи қочоқ ҳабс шудааст. Ҷузъиёти парвандаро ошкор накарданд.

XS
SM
MD
LG