Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз чӣ "нигарон аст" ва бо кӣ ҳамкориро идома хоҳад дод?


Президенти Тоҷикистон гуфт, кишвараш аз ончи дар Афғонистон ва Фаластин мегузарад "хеле нигарон аст".

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28-уми декабр дар назди вакилони порлумон, аъзои ҳукумат ва сафирони кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе аз он гуфт, ки зиёда аз 20 ҳазор кас дар Навори Ғазза кушта шудаанд.

Рӯзи 7-уми октябр баъд аз ҳамлаи "Ҳамос" ба хоки Исроил миёни ду тараф ҷанг сар зад ва ин даргириҳо қариб се моҳ боз идома дорад.

Мақомоти Исроил гуфтанд, дар ин ҷанг 1200 кас дар ин кишвар кушта шуда, беш аз дусад нафар ба асорат афтоданд. Вазорати тандурустии Ғазза мегӯяд, дар бештар аз дуним моҳи охир, дар пайи ҳамлаҳои Исроил, наздик ба 21 ҳазор фаластинӣ кушта ва беш аз 54 ҳазор кас захмӣ шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон мавқеи кишварашро бори дигар такрор карда гуфт, Тоҷикистон хоҳони таъсиси давлати Фаластин бо марзҳои соли 1967 аст. "Мо инро ягона роҳи таъмини сулҳу суботи пойдор дар минтақа медонем," -- афзуд Раҳмон.

Президенти Тоҷикистон дар айни замон гуфт, Душанбе "ҳамкориро бо ҷаҳони ислом бештар мекунад", вале дар айни замон равобитро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва шарикони анъанавӣ аз ҷумла Аврупо ва Амрико идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG