Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

14 медали варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии каратеи Осиё


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти бози қаҳрамонии карате WKC ва Ҷоми Осиё 14 медал (2 тилло, 8 нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Ин мусобиқоти бози қитъавӣ рӯзҳои 21-25-уми декабр дар шаҳри Тарази Қазоқистон байни наврасону ҷавонон, бузургсолон ва собиқадорон баргузор шуд.

Дар мусобиқот беш аз 500 нафар аз ҳафт кишвари собиқи шӯравӣ - Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, инчунин аз Имороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Ҳиндустон, Чин, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ ва Умон ширкат варзиданд.

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқот иштироккунандагонро президенти Конфедератсияи ҷаҳонии карате (WKC) Вячеслав Тимофеев аз Русия табрик намуд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳашт варзишгар шомил буд, ки ҳамаи онҳо ба Душанбе бо медал баргаштанд.

Рустам Файзиддинов дар бйни наврасон дар рақобатҳои инфиродӣ нишони тилло ва дар сабқати даставӣ медалҳои нуқраю биринҷӣ гирифт.

Нишони дигари тиллоро Абдулло Гулов дар рақобатҳо байни ҷавонон ба даст овард.

Ба шаш варзишгари дигари тоҷик дар ин мусобиқот ҳафт медали нуқра ва се нишони биринҷӣ супурда шуд.

XS
SM
MD
LG