Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки ду шатранҷбози тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Шатранҷбозони тоҷик Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаев ва Ҷалолиддин Илҳомӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба рапид (зудбозӣ) ва блитс (бозии барқвор), ки 26-уми декябр дар шаҳри Самарқанди Узбекистон оғоз ёфт, ширкат доранд.

Мусобиқа бо иштироки 202 мард аз 48 кишвар ва 125 зан аз 31 кишвар баргузор шудааст.

Шатранҷбозон оид ба рапид (зудбозӣ) се рӯз (26-28-уми декабр) ва оид ба блитс (бозии барқвор) ду рӯз (29-30-юми декабр) рақобат мекунанд.

Илҳом Юнусов, дабири кулли Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, имрӯз, 27-уми декабр, ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар мусобиқаи мардон оид ба рапид қаҳрамони ҷаҳон Магнус Карлсени 33-солаи норвегиягӣ бо 4,5 имтиёз аз 5 бозӣ пешсаф аст. Шатранҷбозони мо – Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаеви 24-сола 1,5 имтиёз ва Ҷалолиддин Илҳомии 16-сола як имтиёз ба даст овардаанд.”

Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқа 1 миллион долларро ташкил медиҳад. Ба ғолиби сабқати мардон 60 ҳазор доллар, ҷои дуюм 50 ҳазор доллар ва ҷои сеюм 40 ҳазор доллар супурда мешавад.

Ҳамчунин шатранҷбозоне, ки дар сабқати мардон то ҷои 35-умро ишғол мекунанд, бо ҷоизаи молӣ сарфароз мегарданд.

Ба ғолиби сабқати занон 40 ҳазор доллар, ҷои дуюм 30 ҳазор доллар ва ҷои сеюм 20 ҳазор доллар тақдим мешавад.

Инчунин ба шатранҷбозоне, ки дар сабқати занон то ҷои 15-умро мегиранд, ҷоизаи молӣ эҳдо мегардад.

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа, ки 25-уми декабр дар Маркази сайёҳии Silk Road Samarkand доир гардид, вазири сиёсати ҷавонон ва варзиши Узбекистон Адҳам Икромов гуфт, “мо бисёр хурсандем, ки макони ин чорабинии муҳим Самарқанди куҳан, аммо шаҳри замонавӣ гардидааст. Мо ҳаррӯз, дар муддати чаҳор моҳи ахир барои ташкили ин мусобиқа заҳмат кашидем. Умедворем, ки мусобиқа дар сатҳи баланд баргузор шуда, барои иштироккунандагон пурмаҳсулу хотирмон мегардад.»

Дар ин маросим президенти Федератсияи байналмилалии шоҳмот (FIDE) Аркадий Дворкович ба мизбонон барои гузаронидани ин чорабинии бузург изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки ҳаводорони шоҳмот имкон пайдо намуданд ситораҳои ҷаҳониро аз наздик бубинанд.

Дар мусобиқа даҳҳо шатранҷбозони саршинос, ситораҳои ҷаҳон, ба мисли Магнус Карлсени норвегиягӣ, Ян Непомняшийи русиягӣ, Фабиано Каруануи амрикоӣ ва дигарон иштирок доранд.

XS
SM
MD
LG