Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

IMF гуфт, иқтисоди Узбекистон соли оянда камтар рушд мекунад


Сандуқи Байнулмилалии Пул (IMF) пешбинӣ кардааст, ки иқтисоди Узбекистон дар соли оянда 5,2 дарсад рушд хоҳад кард.

Ин назар ба нишондоди пешбинишуда барои имсол 0,5 дарсад камтар аст.

Рушди иқтисоди Узбекистон дар соли равон 5,7 дарсад гуфта шудааст. Пештар Сандуқи Байнулмилалии Пул гуфта буд, ки иқтисоди Узбекистон имсол 5,5 дарсад рушд мекунад.

Тибқи пешбинии Сандуқи Байнулмилалии Пул, сатҳи таваррум дар соли оянда дар пайи идома ёфтани озодсозии нархи таърифҳои барқ ба 11 дарсад хоҳад расид.

Ҳукумати Узбекистон бар ин аст, ки сатҳи таваррум 8-10 дарсад хоҳад буд.

Коршиносони Сандуқи Байнулмилалии Пул коҳиши рушдро дар кишварҳои шарики калидии Узбекистон ва шадидтар шудани омилҳои молии берунӣ аз зумраи хатарҳои хориҷӣ номидаанд.

XS
SM
MD
LG