Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гаронарзиштарин футболбозони ҷаҳон киҳоянд?


Килиан Мбаппе
Килиан Мбаппе

Интернет-портали Transfermarkt дар сомонаи худ феҳристи гаронарзиштарин футболбозони ҷаҳонро аз рӯи натиҷаҳои навсозии муваққатии нархҳои бозор нашр кардааст.

Гаронарзиштарин футболбозони ҷаҳон киҳоянд?

Интернет-портали Transfermarkt дар сомонаи худ феҳристи гаронарзиштарин футболбозони ҷаҳонро аз рӯи натиҷаҳои навсозии муваққатии нархҳои бозор нашр кардааст.

Дар ин феҳрист нимҳимоятгари англиси бошгоҳи футболи “Реал Мадрид” Ҷуд Беллингем бо арзиши 180 миллион евро дар ҷои аввал аст

Ҷои дуюмро ҳамлагари норвегиягии бошгоҳи “Манчестер Сити” Эрлинг Ҳоланд бо ҳамин нарх, 180 миллион евро, соҳиб шудааст.

Ба сегонаи пешсафон ҳамлагари фаронсавии бошгоҳи “ПСЖ” Килиан Мбаппе дохил аст. Арзиши ӯ низ 180 миллион евро мебошад..

Даҳгонаи гаронарзиштарин футболбозони ҷаҳон:

1. Ҷуд Беллингем («Реал Мадрид», € 180 млн).

2. Эрлинг Ҳоланд («Манчестер Сити», € 180 млн).

3. Килиан Мбаппе («ПСЖ», € 180 млн).

4. Винисиус Ҷуниор («Реал Мадрид», € 150 млн).

5. Букайо Сака («Арсенал» , € 120 млн).

6. Ҷамол Мусиала («Бавария», € 110 млн).

7. Филип Фоден («Манчестер Сити», € 110 млн).

8. Виктор Осимхен («Наполи», € 110 млн).

9. Деклан Райс («Арсенал», € 110 млн).

10. Лаутаро Мартинес («Интер», € 110 млн).

Ҳамин тариқ, пас аз навсозӣ ҳамлагари дастаи «Бавария» Ҳарри Кейн аз даҳгонаи гаронарзиштаринҳо берун шуд ва ҷои ӯро ҳамлагари «Интер» Лаутаро Мартинес гирифт.

Ҳамчунин Виктор Осимхен пас аз навсозӣ арзиши худро аз даст дод ва Фил Фодену Ҷамол Мусиала аз ӯ пеш гузаштанд.​

XS
SM
MD
LG