Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 медали муштзанҳои навраси тоҷик дар Боку


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии бокс миёни наврасон ба хотираи муштзани маъруф Аббос Агаларов, ки рӯзҳои 18-22-юми декабр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон баргузор шуд, чаҳор медал (ду тилло, як нуқра ва як биринҷӣ) ба даст оварданд.

Ба иттилои оҷонсии иттилоотии варзишии azerisport.com, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 97 варзишгари солҳои таваллудашон 2006-2007 аз шаш кишвар - Озарбойҷон, Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Арабистони Саудӣ, инчунин дастаи Конфедератсияи бокси Аврупо (EUBC) - дар 13 вазн миёни писарон рақобат карданд.

Варзишгарони тоҷик Анӯшервон Фозилов дар вазни -54 кг ва Руслан Ғафуров дар вазни -63,5 кг бо медалҳои тилло сарфароз шуданд.

Мансурхӯҷа Мӯъминов дар вазни -48 кг медали нуқра ва Муҳсин Раҳмонов дар вазни -51 кг медали биринҷӣ гирифтанд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Озарбойҷон бо касби 22 медал (5 тилло, 4 нуқра ва 13 биринҷӣ) соҳиби ҷойгоҳи аввал шуд.

Мунтахаби Қазоқистон бо касби 16 медал (4 тилло, 5 нуқра, 7 биринҷӣ) ҷойгоҳи дуюмро гирифт.

Дастаи Тоҷикистон, ки бо касби 4 медал (2 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ) ҷойгоҳи сеюмро азони худ кард, аз тимҳои Узбекистон (5 медал:1-2-2) ва Русия (3 медал:1-1-1).пеш гузашт.

XS
SM
MD
LG