Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҷавони қирғиз баъди пахши видео дар Tiktok боздошт шуд


Як ҷавони 20-сола дар ноҳияи Қарасуйи вилояти Ӯши Қирғизистон бо гумони ангехтани адовати миллӣ ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт шудааст.

Ба иттилои вилояти Ӯш, ин ҷавон ибтидои моҳи декабри имсол дар шабакаи иҷтимоии "TikTok" видеоеро нашр карда, ки дар он ангехтани адовати миллӣ дида мешавад.

Пулиси Ӯш дар асоси хулосаи ташхис бо банди "ангехтани адовати миллӣ, нажодӣ ва динӣ" зидди ҷавон парванда боз кардааст.

Гумонбар бо қарори додгоҳ ба ҳабс гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG