Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон содироти газро ба Чин зиёд кардааст


Узбекистон дар моҳи ноябри соли равон содироти газро ба Чин 30 дарсад афзоиш додааст.

Узбекистон дар моҳи ноябри соли равон содироти газро ба Чин 30 дарсад афзоиш додааст.

Сарраёсати гумруки Чин иттилоъ дода, ки Узбекистон моҳи ноябри имсол ба ин кишвар ба маблағи 54,59 миллион доллар газ фурӯхтааст. Ин рақам назар ба нишондоди ду моҳи гузашта бештар аст.

Узбекистон моҳи апрели имсол содироти газро ба Чин дубора оғоз кард ва дар ҳамон моҳ ба он кишвар маблағи 40,47 миллион доллар газ фурӯхт.

Пули гази содиркардаи Узбекистон ба Чин дар моҳи май 78,16 млн доллар, июн $85,27 млн, июл $91,39 млн, август $75,27 млн, сентябр $41,6 млн ва октябр $42,25 млнро ташкил додааст.

XS
SM
MD
LG