Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иззат Амонро дар зиндон ҷарроҳӣ мекунанд  


Иззат Амон аз соли 2021 дар зиндон аст
Иззат Амон аз соли 2021 дар зиндон аст

Иззат Амон, ҳомии зиндонии муҳоҷиронро дар яке аз маҳбасҳои Душанбе ҷарроҳӣ мекунанд. Наздиконаш бо нигаронӣ мегӯянд, Иззат Амон бештар аз як моҳ аст, ки аз дарди дандон ранҷ мебарад ва хатари гузаштани зардоби дандон ба майнаи сар зиёд шудааст.   

Маҳмадюсуф Холов, писари Иззат Амон ба Радиои Озодӣ гуфт, қарор аст ҷарроҳӣ баъд аз зуҳри 25-уми декабр анҷом шавад.

"Варам (омос)-и чеҳрааш рӯз ба рӯз бузургтар шудааст. Хатари расидани зардоби дандон бар мағзи сар пизишконро водор кард, ки ҷарроҳӣ кунанд ва дар ҷараёни амалиёт пизишкони Беморхонаи маъруф ба "Якум советкий" низ ширкат хоҳанд кард. Духтурон гуфтанд, ки агар пешгирӣ нашавад ва зардоб ба майнаи сар омезад, оқибати вазнин хоҳад дошт,"-афзуд писари Иззат Амон

Маҳмадюсуф Холов афзуд, 6 ҳазор сомонӣ маблағи ҷарроҳиро худашон мепардозанд.

Иззат Амон, ҳомии зиндонии муҳоҷирон 50 сол дорад ва моҳи марти соли 2021 аз Русия ихроҷ шуд. Дар доираи ду парвандаи қаллобӣ, ки Иззат Амон ва наздиконаш онро рад карданд, ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷиронро ба 15 сол зиндон маҳкум кардаанд. Мақомот ҳукмашро дурусту қонунӣ мешуморанд, аммо ҷонибдоронаш дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.

XS
SM
MD
LG