Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз Фонди саудии рушд 20 миллион доллар қарз мегирад


Яке аз мактабҳои Тоҷикистон
Яке аз мактабҳои Тоҷикистон

Тоҷикистон барои сохтани мактабҳои нав аз Фонди саудии рушд 20 миллион доллар қарз мегирад. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон 22-юми декабр дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон гуфт, ин қарз ба муддати 25 сол ва бо 1,5 фоизи солона гирифта мешавад.

Ба гуфтаи Қаҳҳорзода, маблағи Фонди саудии рушд барои сохтани 19 мактаб ва 2 бинои маъмурии соҳаи маориф дар 18 шаҳру ноҳияи вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сарф мешавад.

Сохтани ин мактабҳо ба гуфтаи мақомот то соли 2028 пешбинӣ шудааст.

Шикоятҳо аз камбуди мактаб дар минтақаҳои Тоҷикистон борҳо садо додааст. Баъзе сокинон мегӯянд, аз сабаби набудани мактаб фарзандони онҳо роҳи дарозро тай карда, ба деҳаҳои атроф мераванд.

XS
SM
MD
LG