Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Размикори тоҷик ба финали Гран-прии АСА роҳ ёфт


Акс аз саҳифаи Фаридун Одилов дар Инстаграм
Акс аз саҳифаи Фаридун Одилов дар Инстаграм

Фаридун Одилов, варзишгари тоҷик, дар набарди муҳорибаҳои омехта АСА (Absolute Championship Akhmat) 168, ки 24-уми декабр дар толори «ССКА Арена»-и шаҳри Маскав доир гардид, пирӯзӣ ба даст овард.

Ин размикори 31-солаи тоҷик дар яке аз набардҳои асосии ин мусобиқа дар вазни 93 кило ба рақибаш Михаил Мохнаткин аз Русия дар раунди сеюм бо нокаути фаннӣ ё техникӣ ғолиб омада, ба финали Гран-прии АСА роҳ ёфт.

Фаридун Одилов, ки бо лақаби "Терминатор" маъруф аст, дар мусобиқоти ҳирфаӣ аз соли 2016 ҳунарнамоӣ мекунад. Ӯ аз 22 набард дар 18-тоаш пирӯз шуда, дутоашро мусовӣ кардааст ва дар ду қувваозмоӣ шикаст хӯрдааст.

Рақибаш Михаил Мохнаткини 33-сола бошад, дар 23 набард 15 пирӯзӣ, 2 мусовӣ ва 6 бохт дорад.

Ёдовар мешавем, Фаридун Одилов соли 2021 дар сабқати ММА бар варзишгари русиягӣ Сергей Калинин ғолиб омада, соҳиби камарбанди қаҳрамони Лигаи EFC (Extreme Fighting Championship)-33 дар вазни миёна гардида буд.

Мусобиқаи EFC 33, ки дар Маскав таҳти сарпарастии размикори машҳури русиягӣ Ҳабиб Нурмагомедов баргузор шуд, минҷумла аз ду қувваозмоӣ барои унвони қаҳрамонӣ иборат буд, ки яке аз онҳо бо иштироки размикори тоҷик сурат гирифт.

Фаридун Одилов дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки соли 2017 дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, дар сабқати самбои размӣ дар вазни то 90 кило медали нуқра ба даст овардааст.

Ӯ ҷоизадори биринҷии Бозиҳои осиёӣ дар иншооти сарӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар соли 2017, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Осиё дар риштаи самбои размӣ дар ҳамон сол, инчунин қаҳрамони панҷкаратаи самбои Тоҷикистон мебошад.

Дар мусобиқоти WFCA, Fight Nights Global, Gorilla Fighting Championships ва ғайра иштирок кардааст.

Ба ғайр аз Фаридун Одилов, дар муҳорибаҳои омехта АСА (Absolute Championship Akhmat) 168 рӯзи 24-уми декабр дар Маскав боз як нафар аз Тоҷикистон – Анис Ёқубов - рақобат кард.

Ёқубов дар вазни 57 кило Иброҳим Шоимовро аз Узбекистон дар муддати хеле кӯтоҳ – 25 сония – шикаст дод.

Ин ғалабаи 8-уми размикори 24-солаи тоҷик дар муҳорибаҳои ММА ба шумор меравад. Вай танҳо дар як рақобат мағлуб шудааст.

Шоимов бошад, аз 5 набард дар чаҳортоаш ғолиб омада, дар як қувваозмоӣ шикаст хӯрдааст.

XS
SM
MD
LG