Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WSJ: Қатли роҳбари "Вагнер" кори Патрушев буд


Ҳавопаймои Embraer-135, ки Пригожин ва ҳамроҳонаш дар он кушта шуданд
Ҳавопаймои Embraer-135, ки Пригожин ва ҳамроҳонаш дар он кушта шуданд

Қатли муассиси Ширкати хусусии низомии "Вагнер", соҳибкор Евгений Пригожинро котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев ташкил кардааст, менависад нашрияи амрикоии The Wall Street Journal.

Нашрия ҳамчунин иттилоъ додааст, ки Русия барои кумаки низомӣ ба Қазоқистон муроҷиат кардааст, аммо Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон аз кумак расонидан худдорӣ варзидааст.

Патрушев, ба навиштаи нашрия, ҳанӯз аз тобистони соли 2022 ба огоҳсозии Путин дар бораи таъсири рӯзафзуни Пригожин шуруъ кардааст. Аммо Путин ба ҳушдорҳои Патрушев эътибор надодааст, зеро ҷангҷӯёни "Вагнер" дар майдони ҷанг дар Украина он замон ба пешрафтҳое ноил мешуданд. Вазъият танҳо моҳи октябри соли 2022 тағйир хӯрдааст.

Он замон Пригожин бо лаҳни тунде ба Путин шикоят кардааст, ки камбуди муҳимоти ҷангӣ дорад.

Моҳи июни соли 2023, замоне, ки Пригожин ошӯбро шуруъ кард, Патрушев фурсати ба якборагӣ аз муассиси "Вагнер" халос шуданро дид ва "идораи умурро ба дасти худ гирифт", менависад нашрия бо такя ба манбаҳои худ.

Ба навиштаи нашрия, бомбаи начандон бузургро зери қаноти ҳавопаймои Embraer-135 ҷо карданд, ки муассиси "Вагнер" аз он истифода мебурд. Бомба рӯзи 23 август дар фурудгоҳи Шереметевои Москва дар ҳавопаймо ҷо ба ҷо карда шудааст.

Кремл даст доштанашро дар марги Пригожин рад мекунад.

Ҳавопаймои Пригожин 23 август дар вилояти Твери Русия таркид. Мақомоти Русия гуфтанд, Пригожин ва чанд тани дигар аз ҳамроҳонаш дар он таркиш фавтиданд.

XS
SM
MD
LG