Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи Русия ба Херсон чор кас кушта шудааст


Харобиҳо дар Херсон пас аз як ҳамлаи Русия дар 3-юми декабр
Харобиҳо дар Херсон пас аз як ҳамлаи Русия дар 3-юми декабр

Дар ҳамлаи шаби гузаштаи Русия ба маркази вилояти Херсони Украина чор сокини одӣ кушта шудааст.

Александр Прокудин, як мақомдори ин вилоят гуфтааст, ки ҷасади як зану шавҳарро дар хонаашон ва ду сокини дигарро аз харобаҳо пайдо кардаанд. Чанд нафари дигар, аз ҷумла кӯдакон дар ин ҳамла захмӣ шудаанд.

Шаби гузашта 71 мушак ба Херсон афтодааст.

Мақомоти Украина гуфтанд, ки ба чандин минтақаи дигари ин кишвар низ шаб ҳамла сурат гирифтааст.

Русия наздик ба ду сол аст, ки шаҳрҳои Украинаро мушакборон мекунад.

Ҳазорон нафар дар ҳамлаҳои Русия кушта ва миллионҳо нафар фирорӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG