Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Украина мегӯяд, се ҳавопаймои ҷангии Русияро маҳв кард


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

​​​​​​​Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина артиши кишварашро барои сарнагун кардани се ҳавопаймои ҷангии Русия ситоиш карда ва табрик гуфтааст.

Зеленский рӯзи 22-уми декабр ба воҳиди зиддимушакии вилояти Одесса ташаккур гуфтааст, ки бино ба гузоришҳо се ҳавопаймои ҷангии Су-24-ро нобуд кардаанд. Артиши Украина гуфт, ки ҳарсе ҳавопаймо соати 12 ба вақти маҳаллӣ дар рӯзи 22-уми нобуд кардаанд.

Русия талаф додани ҳавопаймоҳои ҷангиашро тасдиқ накардааст, ҳарчанд як канали тарафдори ҷанг дар Украина дар Телеграм хабар дод, ки ҳавопаймоҳо сарнагун шудаанд.

XS
SM
MD
LG