Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW ба озодии як фаъоли шаҳрвандӣ даъват кард


Афтандил Жоробеков
Афтандил Жоробеков

Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch аз фаъоли шаҳрвандии Қирғизистон Афтандил Жоробеков ҳимоят кард. Изҳороти созмон дар сомонааш нашр шуд.

Сийнат Султоналиева, як узви созмони мазкур гуфт, Жоробеков набояд барои даъват ба гирдиҳамоии осоишта таъқиб шавад. Вай илова кард, ки мақомоти Қирғизистон бояд фавран ӯро озод ва айбҳои эъломшударо нисбат ба ӯ бекор кунанд.

Жоробековро бо қарори додгоҳи ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар ибтидои моҳи декабри имсол ба ҳабс гирифтанд. Ӯро баъди он ҳабс карданд, ки зидди иваз кардани парчами Қирғизистон баромад ва гуфт, гирдиҳамоии осоишта баргузор мекунад.

Вай ният дошт, рӯзи 9-уми декабр дар яке аз хиёбонҳои Бишкек гирдиҳамоӣ ташкил кунад. Ӯро рӯзи 7-уми декабр боздошт карданд.

XS
SM
MD
LG