Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти раиси пешини як ноҳия дар Узбекистон


Рӯзи 20-уми декабр раиси пешини ноҳияи Избаскани вилояти Андиҷони Узбекистон Серобиддин Исмоиловро боздошт кардаанд.

Ӯро ба "суистифода аз мақом ё салоҳиятҳои хидматӣ" ва "риоя накардани тартиботи тақсими замин" гумонбар мекунанд.

Исмоилови 49-сола соли 2018 ба ин мақом таъйин шуда буд. Ӯро 10-уми декабри соли ҷорӣ аз мақом барканор карданд.

XS
SM
MD
LG