Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон: Барои "мубаллиғони бадҳиҷобӣ" додгоҳҳои сайёр таъсис медиҳанд


Мақомоти Эрон мехоҳанд, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз қабили марказҳои тиҷорӣ додгоҳҳои сайёр таъсис диҳанд ва ба ин тартиб занону духтаронеро ҷазо диҳанд, ки ҳиҷоб намепӯшанд. Дар ин бора расонаҳо бо такя ба санадҳои махфӣ хабар медиҳанд.

Дар ин санадҳо омадааст, ки масъули риоя кардани пӯшиши исломӣ аз ҷониби хонандагон Вазорати маориф аст ва занҳои маъруферо, ки намехоҳанд, ҳиҷоб пӯшанд, метавон, то 10 сол зиндонӣ кард.

Пулис ва дигар мақомоти қудратии Эрон, бино ба санадҳои ифшошуда, соҳиби салоҳиятҳои зиёде шудаанд. Онҳо иҷоза ёфтаанд, ба манзили онҳое ворид шаванд, ки ҳиҷобро риоя намекунанд ва телефону компютерҳояшонро мусодира кунанд; мағозаҳоеро банданд, ки соҳибонашон ҳиҷобро риоя намекунанд.

Қаҳвахонаҳо, ки дар наздикиҳои мактабу донишгоҳҳо ҳастанд, бояд баста шаванд.

Мақомоти Эрон ин санадҳоро шарҳ намедиҳанд, аммо як нашрияи эронӣ, ки муҳтавои санадҳоро баровард, ба ифшои маълумоти махфӣ айбдор шудааст.

Занон дар Эрон вазифадоранд, ки ҳиҷоб пӯшанд.

Мақомоти Эрон баъд аз марги Маҳсо Аминии 22-сола, ки соли гузашта кушта шуд, талаботи риоя кардани ҳиҷобро сахттар карданд. Аминиро бо айби бадҳиҷобӣ боздошт карданд ва вай дар бемористон фавтид. Наздикони Маҳсо Аминӣ гуфтанд, пулис ӯро латукӯб кардааст. Марги Маҳсо Аминӣ сабаби эътирозҳои густарда дар Эрон шуд.

XS
SM
MD
LG