Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон соли 2023 дар радабандии FIFA ду зина боло шуд


Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар радабандии FIFA  (Федератсияи байналмилалии футбол), ки 21-уми декбр нашр шудааст, аз рӯи натиҷагирии соли 2023 бо 1195 имтиёз дар  ҷойгоҳи 106-ум қарор гирифт, ки ин нисбат ба соли гузашта ду зина болост.

Дар ин феҳрист Аргентина, қаҳрамони феълии ҷаҳон, бо 1855 имтиёз дар байни 201 даста дар ҷойгоҳи аввал аст. Фаронса, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон, бо 1845 имтиёз дар ҷойгоҳи дуюм ва Англия бо 1800 имтиёз зинаи сеюмро соҳиб шудаанд.

Аз байни мунтахабҳои кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар феҳристи FIFA Украина (22-юм, 1553 имтиёз), Русия (38-ум, 1498 имтиёз) ва Узбекистон (68-ум, 1345 имтиёз) ба даст овардаанд.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ аз Озарбойҷон (114-ум), Эстония (122), Латвия (137-ум), Литва (138-ум), Туркманистон (141-ум) ва Молдова (155-ум) пеш аст, вале дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбекистон (68-ум), Қирғизистон (98-ум) ва Қазоқистон (100-ум) ҷойгир шудааст.

Тоҷикистон дар байни тимҳои миллие, ки ба Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шомиланд, ҷойгоҳи 19-умро азони худ кардааст.

Дар Осиё Ҷопон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон 17-ум), Эрон дар мақоми дуюм (дар ҷаҳон 21-ум) ва Кореяи Ҷанубӣ дар мақоми сеюм (дар ҷаҳон 23-юм) мебошанд.

Феҳристи FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар радабандии FIFA ҷойгоҳи 106-ум дар солҳои 2013 ва 2023, натиҷаи пасттаринаш ҷойгоҳи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Феҳристи Ояндаи FIFA 15-уми феврали соли 2024 нашр мешавад.

Тими миллии Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Петар Шегрт, мутахассиси хорватӣ, дар соли 2023 ҳамагӣ 9 бозӣ анҷом дода, дар сетоаш пирӯз шуд(Сингапур – 2:0, Малайзия – 2:0, Покистон – 6:1), чаҳор бозиро мусовӣ кард (Имороти Муттаҳидаи Араб – 0:0, Туркманистон – 1:1, Умон – 1:1, Урдун – 1:1) ва дар ду дидор шикаст хӯрд (Кувайт – 1:2, Узбекистон – 1:5) .

Дар ҳамин ҳол мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии мутахассиси хорватӣ Петар Шегрт дар Имороти Муттаҳидаи Араб ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 омодагӣ мегирад.

Рӯзи 8-уми январ ҳайати дастаи миллии Тоҷикистон ба Қатар сафар хоҳад кард.

Зимнан, дар Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Қатар, Лубнон ва Чин рақобат мекунад.

Тими миллии Тоҷикистон дар бозии аввалинаш дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё 13-уми январ бо дастаи Чин рӯбарӯ мешавад.

Футболбозони тоҷик дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 рӯзи 17-уми январ бо дастаи мизбон– мунтахаби Қатар - бозӣ мекунанд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқот 22-юми январ бо тими миллии Лубнон қувва меозмояд.

Аз шаш гурӯҳ дудастаӣ, инчунин чаҳор дастаи беҳтарин аз миёни ҷойҳои сеюм ба даври 1/8- ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG