Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина шаҳрвандонашро аз хориҷ ба ҷанг даъват мекунад


Рустем Умаров, вазири дифои Украина
Рустем Умаров, вазири дифои Украина

Украина мехоҳад, он шаҳрвандонашро, ки дар хориҷ қарор доранд, аз ҳайати захиравӣ ба хидмати ҳарбӣ даъват кунад.

Вазири дифои Украина Рустем Умеров дар суҳбат бо "WELT TV" гуфт, мардони украинии аз 25 то 60-сола, ки дар Олмон ва кишварҳои дигар ба сар мебаранд, бояд ба нуқтаҳои даъват ба артиш ҳозир шаванд.

"Барои ҳама адолатро мехоҳем, зеро сухан аз ватани ҳамаи мо меравад. Мо ба онҳо даъватнома хоҳем фиристод", - изҳор дошт Умеров.

Ба гуфтаи Умеров, зидди украиниҳое, ки аз рафтан ба хидмати ҳарбӣ худдорӣ мекунанд, таҳрим ҷорӣ хоҳад шуд. "Мо ҳоло баррасӣ дорем, ки агар ҳозир нашаванд, ба зидди онҳо чӣ чора бинем", - афзуд ӯ.

Вазорати дифои Украина дар шарҳи суханони раҳбари худ гуфт, даъвати украиниҳо аз хориҷ ба хидмати ҳарбӣ дар ҳоли баррасӣ аст.

XS
SM
MD
LG