Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони ситоди интихоботии Путин маълум шуданд


Владимир Путин, Александр Калягин ва Владимир Машков
Владимир Путин, Александр Калягин ва Владимир Машков

Ситоди интихоботии Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро, Владимир Машков, ҳунарпешаи шинохта, Маряна Лисенко, сартабиби шифохонаи рақами 52 дар Маскав ва Артём Жога раиси маҷлиси вилояти ишғолии Донетск раҳбарӣ мекунанд.

Ҳар се нафар рӯзи панҷшанбе 21-уми декабр гуфтанд, ки худи Владимир Путин аз онҳо хостааст, ки маъракаи интихоботии ӯро раҳбарӣ кунанд. Ситод аз ҳоло корашро дар Маскав шуруъ кардааст ва қарор аст, раҳбарони ситод ба минтақаҳои Русия сафар кунанд.

Дар интихоботи гузаштаи раёсати ҷумҳурии Русия дар соли 2018, ситоди интихоботии Владимир Путинро, раҳбари Маркази кӯдакони боистеъдод, мудири корхонаи мошинсозии “КамАз” ва раиси Академияи улуми Русия раҳбарӣ мекарданд.

Владимир Путин, ки бори панҷум аст, дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат мекунад, бояд барои сабти номзадиаш дар на камтар аз 40 минтақаи Русия 300 ҳазор имзо ҷамъ оварад. Раъйдиҳӣ дар интихобот рӯзҳои 15-то 17-уми марти соли 2024 сурат мегирад.

Ба қавли Комиссияи марказии интихоботи Русия, то кунун ба ин ниҳод 16 ариза барои сабти ном ба унвони довталаби номзад ба мақоми раиси ҷумҳур ворид шудааст, аз ҷумла аз номи Владимир Путин ва хабарнигор Екатерина Дунтсова.

XS
SM
MD
LG