Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон дар робита ба коршиканӣ дар "West Oil" парванда боз кард


Кормандони ширкати "West Oil".
Кормандони ширкати "West Oil".

Дар робита ба коршикании беш аз 500 корманди ширкати "West Oil" дар деҳаи Жетибойи вилояти Манғистауи Қазоқистон, ки беш аз як ҳафта боз идома дорад, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Додситони ноҳияи Қарақияи Манғистау Амонжол Айтуганов бо нашри муроҷиатномаи видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, парванда бар асоси банди "Даъват ба идомаи коршикание, ки аз сӯи додгоҳ ғайриқонунӣ эълом шудааст" тафтиш карда мешавад.

"Ба насби хаймаҳо дар маҳалли эътирози ғайриқонунӣ, сабти муроҷиатномаи видеоӣ ва мусоидат ба эътирозгарон бар асоси банди мазкур баҳо дода хоҳад шуд", - афзудааст ӯ.

Эътирозгарон аз 11 декабр талаб доранд, ки онҳо ба ширкатҳои тобеи "КазМунайГаз" интиқол дода шаванд ва ҳамчунин маошашон бар асоси низоми ягонаи музди меҳнат пардохт гардад. Техникаҳои корӣ низ нав карда шаванд.

Ширкати "West Oil Software" 18 декабр гуфт, бо ширкати "ОТК" то соли 2027 шартномаи дарозмуддат имзо кардааст ва маҷбур мебошад, ки уҳдадориҳои худро "бо кормандони норозӣ ва ё бидуни онҳо" ба таври комил иҷро кунад.

Коршикании кормандонашро ширкат "ғайриқонунӣ" номида гуфт, ин иқдом хатари рух додани садама дар чоҳҳои нафтро ба миён овардааст.

XS
SM
MD
LG