Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Эсхата” барандаи медалҳои биринҷии Лигаи олӣ шуд


Бозигарони дастаи "Эсхата"
Бозигарони дастаи "Эсхата"

Дастаи “Эсхата”-и Хуҷанд, ки дар бозии охирини мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” дар майдони худ тими «Равшан»-и Кӯлобро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида мешавад.

Дастаи «Равшан», ки дар мусобиқоти имсолаи лигаи олии футболи Тоҷикистон пешакӣ мақоми дуюмро соҳиб шуд, бо медалҳои нуқра сарфароз мегардад. Ба дастаи “Истиқлол”, ки пешакӣ дар мусобиқоти каҳрамонии Тоҷикистон ғолиб омад, Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло супурда шуд.

Дар мавсими 2024/25 ду даста аз Тоҷикистон дар мусобиқаҳои Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) иштирок мекунад.

“Истиқлол” дар маҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 бозӣ хоҳад кард.

Ноиби қаҳрамони Тоҷикистон – “Равшан”-и Кӯлоб - соли оянда дар плэй-офф барои роҳхат ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC мубориза мебарад. Дар сурати нокомӣ “Равшан” дар “Challenge League”-и AFC ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

АЛИШЕР ҶАЛИЛОВ - БЕҲТАРИН НИШОНЗАН

Сарвони дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, нимҳимоятгар Алишер Ҷалилов бори аввал дар корномаи варзишиаш нишонзани беҳтарини мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон гардид. Дар мавсими соли 2023 вай сездаҳ гол зад.

Дар феҳристи нишонзанҳо Азизбек Султонов аз дастаи «Кӯктош»-и Рӯдакӣ бо 10 гол мақоми дуюмро касб кард.

Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») ва Бахтиёр Зарипов («Эсхата») 9-голӣ ба самар расонданд.

«РЕГАР-ТАДАЗ» ВА «ХАТЛОН» ЛИГАИ ОЛИРО ТАРК КАРДАНД

Мусобиқот дар гурӯҳи «Б»-и қаҳрамонии Тоҷикистон 2-юми ноябр ба анҷом расида буд.

Ду дастаи машҳур – «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода (қаҳрамони ҳафткаратаи Тоҷикистон) ва «Хатлон»-и Бохтар (пештар «Вахш» ном дошт ва се бор қаҳрамони кишвар шудааст), ки ҷойҳои 9-уму 10-умро гирифтанд, соли оянда дар лигаи якум бозӣ хоҳанд кард.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2023

Лигаи олӣ. Марҳилаи сеюм

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «А»:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

22

16

4

2

56-12

52

2

«Равшан» (Кӯлоб)

22

9

8

5

29-20

35

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

22

10

3

9

39-36

33

4

«Эсхата» (Хуҷанд)

22

10

3

9

30-32

33

5

«Файзканд» (Восеъ)

221

6

8

8

29-36

26

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “Б”:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

6

КМВА (Душанбе)

22

5

11

6

16-15

26

7

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

22

5

11

6

6-19

26

8

«Ҳосилот» (Фархор)

22

6

7

9

17-22

25

9

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

22

5

9

8

21-30

24

10

«Хатлон» (Бохтар)

22

5

2

15

12-38

17

XS
SM
MD
LG