Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфлисии даҳҳо ширкат баъди супоришҳои давлатӣ дар Узбекистон  


Саида Мирзиёева, духтари раиси ҷумҳурии Узбекистон, вазъи яке аз мактабҳоро дар вилояти Сурхондарё назорат мекунад
Саида Мирзиёева, духтари раиси ҷумҳурии Узбекистон, вазъи яке аз мактабҳоро дар вилояти Сурхондарё назорат мекунад

62 ширкати сохтмонӣ дар вилояти Сурхондарёи Узбекистон дар остонаи муфлисшавӣ ҳастанд.

Соҳибкорон мегӯянд, раиси вилоят Улуғбек Каримов онҳоро ба бозсозии хонаҳои баландошёна ва мактабҳо маҷбур карда, харҷҳояшонро напардохааст.

Раиси вилояти Сурхондарё дар ибтидои соли ҷорӣ бо соҳибкорон мулоқот карда, ба онҳо дастур дода буд, ки зиёда аз 100 манзили истиқоматии баландошёнаро таъмиру бозсозӣ кунанд.

Аз ҷониби дигар додситонии вилоят ба соҳибкорон таҳдид кардааст, ки дар сурати иҷро накардани дастури раис фаъолияти панҷсолаи онҳоро тафтиш ва ҳатман камбудиҳое дар корашон "хоҳад ёфт".

Соҳибкорон дар пайи таҳдиди додситонӣ ба бозсозии манзилҳои баландошёна ва дигар иншооти иҷтимоӣ пардохтаанд.

Сарфи назар аз он ки аз муҳлати ба истифода супоридани иншооти бозсозишуда се моҳ мегузарад, мақомоти вилояти Сурхондарё харҷи ширкатҳои сохтмониро намедиҳанд.

Соҳибкорон мегӯянд, барои бозсозии иншоот аз буҷет пул ҷудо шуда буд, вале касе намедонад, ки он куҷо шудааст.

XS
SM
MD
LG