Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

$120 млн. дороии хоҳарзодаи Назарбоевро аз хориҷа овардаанд


 Кайрат Сотиболдӣ
Кайрат Сотиболдӣ

Хадамоти зиддифасоди Қазоқистон хабар дод, ки 120 миллион доллари Кайрат Сотиболдӣ, хоҳарзодаи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро аз хориҷа баргардондаанд.

Ин пулҳо, ба гуфтаи мақомоти он кишвар, “ғайриқонунӣ ба хориҷ бурда шуда буданд”.

Хадамоти зиддифасоди Қазоқистон хабар додааст, ки пулҳоро ба буҷети давлат ворид карданд, аммо ҷузъиёт надодааст.

Хабари баргардондани пулҳо дар ҳолест, ки додгоҳ рӯзи 18-уми декабр дархости Сотиболдиро барои раҳоии шартӣ ва пеш аз муҳлат аз зиндон напазируфт.

Кайрат Сотиболдиро 13-уми марти соли 2022 ҳангоми сафараш ба Дубай дастгир карданд. Додгоҳи ноҳияи Байконури шаҳри Остонаи Қазоқистон моҳи сентябри соли гузашта 6 сол зиндонӣ кард.

Он замон Сотиболдии 51-соларо ба "суистифода аз мақом” ва “дуздии дороиҳои ширкати мухобиротии "Қазоқтелеком" гунаҳкор донистанд.

Пештар расонаҳо Кайрат Сотиболдиро ягона муассиси ширкати офшории "Skyline Investment Company S.A." номида буданд. Forbes Kazakhstan дороии Сотиболдиро 163 миллион доллар арзёбӣ ва ӯро ба рӯйхати бонуфузтарин соҳибкорони Қазоқистон ворид карда буд.

XS
SM
MD
LG