Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"The Blood Gold": Кремл аз тилои Африқо миллиардҳо $ фоида мегирад


Судон. Акс аз бойгонӣ
Судон. Акс аз бойгонӣ

Тилое, ки дар кишварҳои африқоӣ истихроҷ ва дар бозорҳои байнулмилалӣ фурӯхта мешавад, ба Русия барои ҷанг кардан миллиардҳо доллар даромад овард.

Дар ин бора дар гузориши гуруҳи таҳқиқотии Маркази "The Blood Gold" ба раҳбарии Ҷессикӣ Берлин, коршиноси робитаҳои африқоӣ-аврупоӣ гуфта шудааст.

Ба иттилои Радиои байнулмилалии Фаронса (RFI), таҳқиқгарон шеваи сармоягузории ширкати хусусии низомии "Вагнер"-ро вобаста ба кишварҳои африқоӣ, ки зархаридонашон дар онҳо ҳузур доранд, муфассал навиштаанд.

RFI бо истинод ба иктишофҳои амрикоӣ иттилоъ дода, ки дар Малӣ ҳудуди 1000 зархариди рус барои мубориза бо гуруҳҳои ҷиҳодӣ ва муҳофизати хунтаи ҳокими низомӣ ҳузур дорад ва ба онҳо дар як моҳ 10,8 миллион доллар пардохт мешавад.

Даромади хунта аз ширкатҳои байнулмилалии истихроҷкунандаи тило вобаста аст. Дар миёни онҳо ширкати канадагии "Barrick Gold" ҳам ҳаст, ки андозсупорандаи асосӣ ба шумор рафта, танҳо дар шаш моҳи аввали соли равон ба мақомоти Бамако 206 миллион доллар пардохтааст.

"Вагнер" ҳаққи истихроҷи калонтарин кони тилоро дар дар Ҷумҳурии Африқои Марказӣ ба даст овардааст. Он солона аз кони "Ндассима" ба ҳисоби 290 миллион доллар тило истихроҷ мекунад. Ин гуруҳ дар Судон низ корхонаи коркарди тилоро дар ихтиёр дорад.

XS
SM
MD
LG