Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский ба идома ёфтани ёриҳои Амрико бовар дорад


Владимир Зеленский, президенти Украина
Владимир Зеленский, президенти Украина

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзҳои наздик ба Украина низомҳои дифои ҳавоии "NASAMS"-ро, ки ҷудо карда буд, медиҳад.

Дар ин бора президенти Украина Владимир Зеленский дар нишасти хабарии солонаи худ рӯзи 19-уми декабр иттилоъ дод, вале теъдоди ин аслиҳаро ошкор накард.

Раисҷумҳури Украина гуфт, бовар дорад, Вашингтон дар ниҳоят тасмим хоҳад гирифт, ки ба Киев дар мубориза бо таҷовузкориҳои Русия кумаки иловагӣ кунад. "Ман бовар дорам, ки Амрико моро фиреб намедиҳад ва ҳар он чи ваъда карда буд, хоҳад дод", - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд Украина дар ҳоли ҳозир роҳҳои ҳавоиро назорат карда наметавонад, вале корҳо дар ин самт идома доранд.

Зеленский изҳор дошт, ки надоштани бартарӣ дар ҳаво тобистони имсол монеи пешрафти артиши Украина дар ҳамлаҳои ҷавобӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG