Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои нави бокси Тоҷикистон муайян шуданд


Ғолибони мусобиқоти қаҳрамонии бокси Тоҷикистон-2023, ки рӯзҳои 12-17-уми декабр дар шаҳри Душанбе доир гардид, маълум шуданд.

Дар рақобатҳо, ки миёни занон ва мардон сурат гирифт, 175 муштзан аз манотиқи мухталифи кишвар иштирок карданд.

Дар миёни занон Сумайя Қосимова (вазни -48 кг), Рӯҳафзо Ҳақназарова (-51 кг), Рухсора Қурбонова (-52 кг), Фариза Ёқубова (-54 кг), Дилдода Асақолова (-57 кг), Дилноза Нуримова (-60 кг), Мавзунаи Аҳмадҷон (-63 кг), Малика Нозимова (-66 кг), Мавлуда Одинаева (-70 кг), Дилрабо Холмуродова (-75 кг), Гуларӯс Шоева (-81 кг) ва Фарзона Каримова (+81 кг) ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфтанд.

Дар мусобиқаи мардон Меҳроҷиддин Баротов (-48 кг), Меҳрон Шафиев (-51 кг), Меҳроҷ Зоҳидов (-54 кг), Асрор Воҳидов (-57 кг), Абубакр Муродзода (-60 кг), Баҳодур Усмонов (-63,5 кг), Саидикром Амонов (-67 кг), Шаҳобхон Шукуров (-71 кг), Мирзомуҳаммади Бахтиёр (-75 кг), Шаббос Неъматуллоев (-80 кг), Парвиз Каримов (-86 кг), Баҳман Расулов (-92 кг) ва Муҳаммад Аброриддинов (+92 кг) бо медалҳои тилло сарфароз шуданд.

Федератсияи бокси Тоҷикистон ба ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал ҷоизапулӣ тақдим кард. Ба барандагони медали тилло 5000 сомонӣ, нуқра – 3000 ва ба соҳибони медали биринҷӣ 1000 сомонӣ супурда шуд.

Аз ҳисоби ғолибон тими мунтахаби Тоҷикистон таъсис ёфт. Онҳо дар мусобиқаҳои интихобии олимпӣ, ки нимаи аввали соли 2024 ба нақша гирифта шудааст, инчунин дигар мусобиқоти байналмилалӣ ширкат меварзанд.

Бояд гуфт, ки ду муштзани тоҷик – Давлат Болтаев (-92 кг) ва Миҷгона Самадова (-57 кг) дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ роҳхати Бозиҳои олимпии Париж-2024-ро ба даст овардаанд.

Ғолибони мусобиқоти қаҳрамонии бокси Тоҷикистон-2023

Занон

Вазни 48 кг

Сумайя Қосимова (Душанбе -2)

Вазни 51 кг

Рӯҳафзо Ҳақназарова (Душанбе -2)

Вазни 52 кг

Рухсора Қурбонова (Хатлон -2)

Вазни 54 кг

Фариза Ёқубова (Хатлон-2)

Вазни 57 кг

Дилдода Асаколова (Душанбе -2)

Вазни 60 кг

Дилноза Нуримова (Душанбе -2)

Вазни 63 кг

Мавзунаи Аҳмадҷон (Хатлон-2)

Вазни 66 кг

Малика Нозимова (Хатлон -2)

Вазни 70 кг

Мавлуда Одинаева (Хатлон-2)

Вазни 75 кг

Дилрабо Холмуродова (Хатлон -2)

Вазни 81 кг

Гуларус Шоева (Душанбе -2)

Вазни + 81 кг

Фарзона Каримова (Душанбе-2)

Мардон

Вазни 48 кг

Меҳроҷиддин Баротов (Хатлон -2)

Вазни 51 кг

Меҳрон Шафиев (Душанбе -2)

Вазни 54 кг

Меҳроҷ Зоҳидов (Суғд -1)

Вазни 57 кг

Асрор Воҳидов (Суғд -1)

Вазни 63,5 кг

Баҳодур Усмонов (Душанбе -2)

Вазни 60 кг

Абубакр Муродзода (Хатлон)

Вазни 67 кг

Саидикром Амонов (Душанбе)

Вазни 71 кг

Шаҳобхон Шукуров (ШНТМ)

Вазни 75 кг

Мирзомуҳаммадӣ Бахтиёр (Душанбе -2)

Вазни 80 кг

Шаббос Негматуллоев (Душанбе -2)

Вазни 86 кг

Парвиз Каримов (Душанбе -2)

Вазни 92 кг

Баҳман Расулов (Душанбе -2)

Вазни +92 кг

Муҳаммад Аброриддинов (Душанбе -2)

XS
SM
MD
LG